Сиёсати давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои муовинони якуми раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рўи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки то 30 ноябри соли 2019 идома меёбад, ифтитоҳ гардид.

Дар ифтитоҳи курс Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ –  Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қосимзода Гурез Ҷӯрахон – Муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоилзода Ёқуб Борон – Муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иброҳимова Саодат – декани факултети азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Абдухалил Ғафурзода, ҳузури аҳли нишастро ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки масъалаи таъмини озуқаворӣ имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан СММ-ро сахт ба ташвиш овардааст. Дар  Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо масъалаи мазкур вобаста ба ҷиддияти худ  аз оғоз дар қатори яке аз чор масъалаи тақдирсози стратегӣ қарор гирифтааст. Қариб дар ҳама Паёмҳои Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба шумор рафта, иқдомҳои нав ба наве пешниҳод ва дар амал татбиқ гардидаанд, ки  нақши онҳо дар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат назаррас аст.

Зикр гашт,ки курси мазкур тибқи барномаи таълимӣ омўзиши мавзўъҳои «Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти озуқаворӣ», «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Нақши маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар таъмини бехатарии озуқаворӣ», «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ѓайраро фаро мегирад.

Мавриди зикр аст, ки дар курси мазкур лекторони асоси аз Академияи идоракунии давлатӣ буда, инчунин, аз Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи бехатарии озуқаворӣ низ ҷиҳати баргузории дарсҳои амалӣ даъват гардида, дар ҷамъбасти курс мизи мудаввар дар мавзўи «Таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» бо иштироки роҳбарияти, Академияи идоракунии давлатӣ, Агентии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор ташкил карда мешавад.

Таъкид гашт, ки таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат эълон карда шудааст. Барои пурра ноил шудан ба ин ҳадаф моҳи декбри соли 2017 мақомоти нави марказии давлатӣ – Кумитаи амнияти озуқавории назди Ҳукумиати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар ин ҷода Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи амнияти озуқаворӣ” аз 29 декабри соли 2010 нақши бузург мебозад. Қонуни мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат, тибқи принсип ва меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд.

Мувофиқи ин қонун амнияти озуқаворӣ – вазъи иқтисодии давлат мебошад, ки аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ бехатарии озуқавории мамлакат таъмин гардида, дастёбии воқеӣ ба он, ки барои ҳаёти солиму фаъол ва рушди демографии ҳамаи аҳолӣ зарур аст, кафолат дода мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *