Ифтитоҳи курси “Зан - сарвар” дар вилояти Хатлон

Бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони “Зан – сарвар”, ки то 20 ноябри соли 2019 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор мегардад, ифтитоҳ гардид.

Дар расми ифтитоҳи курс Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Муртазозода Ҷамшед Саидалї– вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Доктор Макс Майер – Намояндаи Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Осиёи Марказӣ ва Икромов Беҳзод намояндаи Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Ректори Академия чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, дар он занону духтароне, ки дар мақомотҳои маҳаллӣ кору фаъолият доранд, ҷалб карда шудаанд.

Абдухалил Ғафурзода таъкид намуд, ки Пешвои миллат дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26. 12. 2018) иброз доштаанд: “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем”.

Профессор Ҷамшед Муртазозода иброз намуд, ки ҷалби занону духтарон ба илмомӯзӣ ва беҳтар намудани шароити кору зиндагии онҳо аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шаклҳои муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузоштааст.

Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчї бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлатӣ Маҷлиси Олӣ то ба имрӯз чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқиро омода ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст, ки аксарияти онҳо қабул гардидаанд. Аз ин рӯ, санадҳои ба тасвибрасида барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.

Тибқи иттилои Беҳзод Икромов дар курси мазкур 32 нафар занону духтарон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷалб карда шудаанд.

Курси мазкур 5 давраро дар бар мегирад. Дар анҷоми курс шунавандагон аз рӯи барномаи “Зан – сарвар” соҳиби диплом мегарданд, ки дар болоравии мансабии онҳо нақши муҳим хоҳад бозид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *