Таҷлили Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмию – маърифатӣ  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор, Файзализода Ҷумъахон Хол – муовини Ректор оид ба таълим, Аҳмадзода Зулфия Кабир – муовини Ректор оид ба корҳои тарбиявӣ номзади илмҳои педагогӣ, Бобозода Фаридун Толибҷон –декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ, Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар – декани факултети идоракунии давлатӣ, инчунин устодону кормандон, донишҷӯёну магистрантон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори Академия ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрик намуда, иброз дошт, ки таҷлили  Рӯзи Президент ин қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоиставу бузурги Пешвои муаззами миллатамон буда,  қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» зарурати таърихие  буд, ки  амалӣ  гардид, зеро аз нигоҳи  талаби  вақт, тақозои замон ва ҳақиқати ҳаёт татбиқи он амри зарурӣ ва айни муддао буд. Дар марҳилаи таҳия ва муҳокимаи  лоиҳаи ин санади қонунӣ низ ҳамовозии сартосарии қишрҳои гуногуни аҳли ҷомеа, афкори созандаеро  ташаккул дод, ки баёнгари ҷонибдории густурда аз ин иқдоми мантиқӣ, ҳадафманд ва саривақтӣ ба шумор мерафт.

Давлат ва миллати тоҷик имрӯз бо номи ин абармарди дунёи сиёсат ифтихорманд аст ва сари болою рӯйи сурхи мардум натиҷаи талошу заҳматҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пойбарҷойи Тоҷикистон мебошад,- илова намуд Ректори Академия.

Фаридун Бобозода зимни суханронии худ иброз дошт, ки маҳз бо ташаббусҳои байналмилалии худ дар соҳаи об Пешвои миллат Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявии ояндадор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Ҳамин аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 160 давлати дунё робитаи дипломатӣ барқарор намуда, 193 давлати ҷаҳон онро ба расмият шинохтааст.

Дилором Сайдаҳмадова, мудири кафедраи илмҳои иҷтимоӣ гуманитарӣ дар мавзӯи “Пешвои миллат – Роҳбар ва роҳнамои ҷавонон” баромад намуда қайд карданд, ки сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Зикр гашт, ки таҷлили Рӯзи Президент заминаи пешрафти истиқлолияти сиёсӣ буда, барои дарку эҳсоси ҳувияти миллӣ, шинохту эҳтироми рамзҳои давлатӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, ҳар як соҳибватан бояд аз Пешвои миллат ифтихор дошта, парчамбардори Тоҷикистони соҳибистиқлол гардад.

Ҳамчунин, омӯзгорону донишҷӯён дар мавзуҳҳои “Корнамоиҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон”, “Саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” бо забонҳои хориҷӣ маъруза намуданд.

Дар охир Раёсати Академия ва донишҷӯён пешниҳод намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷоизаи Нобелии Сулҳ сарфароз гардонда шавад, зеро ҳамаи он талаботҳое, ки барои дарёфти ин ҷоизаи байналмилалӣ мавҷуд аст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорост.

Поянда бод Рӯзи Президент ва заҳматҳои бунёдкорию созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Мо – ҷавонони кишвар пайрави ин марди бузург, шахсияти шинохта ва роҳнамои миллат ҳастем.

Рӯзи Президент ба ҳамватанони азиз муборак бод!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *