АИДНПҶТ. Форуми роҳбарҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар баргузор гашт

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми роҳбарҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи форуми мазкур Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Назарзода Ризо Шодӣ – муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳмон Хонов – роҳбари дастгоҳи Ҳизби Халқии Деморкатии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим Холмурод – сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва роҳбарҷавонони ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Ректори Академия форумро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику Тоҷикистонист, ки 28 сол муқаддам бо кӯшиши вакилонмардони бофарҳангу сарсупурда, ходимони сиёсӣ ва арбобони давлату миллат дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Қадамҳои аввалини сулҳу субот дар ҳамин иҷлосия гузошта шуданд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи оғози ҳамин иҷлосияи тақдирсози миллат ибтидо мегирад. 15 апрели соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту иловаҳо ворид гардиданд. Мувофиқи ин тағйирот ҳамасола 16 ноябр ин рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Қонуни мазкур бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва рушду нумӯи самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа қабул гардидааст.

Зикр гашт, ки омӯзгорон, донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи Президентро бо ифтихору масъулияти баланди ватандорӣ арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн мегиранд.

 

Ризо Назарзода, қайд намуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Баъди 6 моњи соҳибистиқлолӣ 13 марти соли 1992 аз ҷониби Шўрои Олии Ҷумњурии Тоҷикистон “Қонун дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул гардид.

Зикр гашт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронеанд, ки қадам ба қадам бо мардум инкишоф ёфтаанд ва аз ғаму шодии миллати худ огоҳанд. Ҳамон гуна, ки аҳли як хонадон фарзандони худро, ки дар пеши чашмашон аз як навҷавони навқад ба як марди рашид табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти ӯ ошноӣ доранд, Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғӯши Ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии халқ сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтаанд. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд.

Абдураҳмон Хонов, таъкид намуд, ки Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон як мансаб ё як унвон нест, балки он як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар пешгоҳи Ватану миллат ва дар шоҳидии тамоми мардум ба он сазовор гардидаанд.

Дар охир ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 иброз дошта буданд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».

Воқеан ҳам, Сарвари давлати мо ба ҳар яке аз гуфтаҳои хеш амал намуд. Давлатро аз вартаи ҳалокат берун овард. Тамоми ғайрату неруи хешро баҳри гулгулшукуфоии Тоҷикистон истифода намуд. Дар бораи корнамоиҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр навиштаанду боз ҳам менависанд. Муҳимтар аз ҳама Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо сулҳ оварданд, давлатро ба сӯйи пешрафту тараққиёт роҳнамо гардонида ва ба савганди хеш, ки гуфта буданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам…» устувору содиқ монданд. Имрӯз мо шукрона аз он менамоем, ки дар фазои ободу осудаи кишвари азизамон – Тоҷикистон озодона фаъолият менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *