Самтҳои афзалиятноки идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар ҷаҳони муосир баррасӣ гардид

8 – 9 ноябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Самтҳои афзалиятноки идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар ҷаҳони муосир» Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши илмӣ Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – д.и.ҳ., профессор, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палчик Геннадий Владимирович – ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Белорусия, Қосимзода Гурез Ҷурахон – муовини аввали директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абил Ерлан Куанишули – Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Қазоқистон Абдуллозода Аҳтам Рустам – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Акматалиев Алмазбек Акматалиевич – ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Қирғизистон, Макс Георг Майер – роҳбари Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ, сафоратҳои Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Тоҷикистон, намояндагони институтҳои Академияи идоракунии давлатӣ ва хоҷагии халқи назди Президенти Федератсияи Россия, Белорусия, Қазоқистон, Қирѓизистон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ-тадқиқотии дохил ва хориҷи мамлакат  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода, меҳмононро ба сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори конференсия оғоз бахшида, иброз дошт, ки бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми  ҳар як кишвар буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ имконпазир аст. Дар кишвари мо бошад, зимни амалӣ намудани ин мақсадҳои наҷиб ва корҳои  муҳиму шоиста нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори давлати навини тоҷикон ва ҳидоятгари ҷавонони дорои неруи азими зеҳниву ҷисмонӣ, баҳри иштирок дар раванди фаъолияти пурмаҳсули давлатсозӣ бениҳоят арзишманд мебошад.

Барои Тоҷикистони муосир такмил ва самаранок намудани дастгоҳи идораи давлатӣ яке аз масъалаҳои хеле ҳассос ва муҳим арзёбӣ карда мешавад. Барои ҷомеаи муосири мо ҳар як навоварӣ дар ҳаёти ҷамъият, пеш аз ҳама, бо равандҳои идораи ҷомеа алоқаманд буда, аз сатҳу сифати худи ҷамъият низ вобаста аст. Ин омил бо назардошти равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ, ки низоми муқтадири давлатдорӣ ва ба рақобат тобовар будани дастгоҳи давлатӣ ва дар маҷмўъ ҷамъиятро тақозо мекунанд, хислати хеле муҳимро барои худ касб мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ – бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии идоракунии давлатӣ вобастагӣ дорад.

Зикр гашт, ки бинои нави Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ буда, 1 сентябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки “Ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, афзудани неруи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар хизмати давлатӣ, инчунин, таҳлили илмии сифат ва самаранокии идоракунӣ ва хизмати давлатӣ зарурати баланд бардоштани мақоми ин муассиса ба миён омадааст.

Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

Таъсиси Академияи идоракунӣ ба омодагии сифатан беҳтари касбии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Ин иқдом метавонад, инчунин, ба ташкили боз ҳам васеътари давраҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, ташкили таҳқиқоти бунёдӣ оид ба идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ такони ҷиддӣ бахшад”.

Дар конференсия масъалаҳои идоракунии  давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар ҷаҳони муосир, масъалаҳои таҳсили хизматчиёни давлатӣ, самтҳои афзалиятноки такмили идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ташаккули ҳукумати электронӣ ҳамчун самти афзалиятноки хизмати давлатӣ, коркарди консепсияҳои нави идоракунии давлатӣ, таҳияи стандартҳои хизматрасонии давлатӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, коркард ва татбиқи қарорҳои идоравӣ: ҳолат, дурнамо ва арзёбӣ, стратегия ва тактикаи таҳияи рушди идоракунии давлатӣ дар ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қосимзода Гурез, зимни суханронии худ иброз дошт, ки солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташаккули низоми самараноки идоракунии давлатӣ ҷиҳати таъмини банақшагирии стратегӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба масъалаҳои идоракунии давлатӣ ва такмили низоми он, аз ҷумла таъмини устувории ҳайати шахсӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳар чӣ беш диққат дода мешавад. Дар санадҳои муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ислоҳоти идора чун яке аз самтҳои муҳими таъмини рушди мамлакат эътироф мегардад.

Қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.03.2006, №1713 «Дар бораи тасдиқи Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун яке аз санадҳои муҳими ҳуқуқӣ ба ин раванд ҳусни оѓоз бахшида, то анҷоми он, яъне то соли 2015 маҷмўи васеи чорабиниҳои ташкилӣ – ҳуқуқӣ амалӣ гардиданд. Мақсади асосии он ҷорӣ намудани низоми самарабахш ва шаффофи идоракунии давлатӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини минбаъдаи рушди устувори иқтисодӣ мебошад.

Заминаи ҳама гуна ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатиро бе ҳаллу фасли масъала ва проблемаи дигаргунии сифатии субъектҳои татбиқкунандаи ин ислоҳот тасаввур кардан ѓайриимкон аст ва маҳаки ҳама гуна чунин ислоҳотро, пеш аз ҳама, салоҳиятнокӣ ва баланд бардоштани касбияти хизматчии давлатӣ ташкил медиҳад.

Воқеан, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар назди давлат қарор дорад, ин тарбияи насли нави хизматчиёни давлатии дорои донишу ҷаҳонбинии муосири ба талаботи ҷаҳони имрўза ва идоракунии давлатӣ ҷавобгў мебошад.

Абил Ерлан, иброз дошт, ки ҷомеаи ҷаҳони Тоҷикистонро бо ташаббусҳои наҷибонаи Президент    муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар самти об мешиносанд.  Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки имрӯз мо дар конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Самтҳои афзалиятноки идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар ҷаҳони муосир» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта истодааст, иштирок дорем ва бисёр хушҳол гаштем, ки Донишкадаи Шумо бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Академия табдил дода шуд.

Ҳамчунин, баъди кори конференсия Самити ректорони Академияҳои идоракунии давлатҳои Осиёи Марказӣ  баргузор гардид ва  дар он Ректорон ва намояндагони Академияҳои идоракунии давлатҳои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ анҷом дода, оид ба ҳамкориҳои минбаъда созишнома ба имзо расонданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *