Рӯзҳои 8-9 ноябри соли 2019 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Самтҳои афзалиятноки идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар ҷаҳони муосир”

Самтҳои афзалиятноки идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар ҷаҳони муосир

Рӯзҳои 8-9 ноябри  соли 2019 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Самтҳои афзалиятноки идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар ҷаҳони муосир” баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар конференсияи мазкур, ректорони академияҳои идоракунии назди президентҳои Россия, Қазоқистон, Белорусия, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва дигар мутахассисони муассисаҳои тањсилоти олии касбӣ ва илмӣ-тадқиқотии  ҷумҳурӣ ва хориҷӣ кишвар, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.

Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:

  1. Идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар ҷаҳони муосир.
  2. Масъалаҳои таҳсили хизматчиёни давлатӣ.
  3. Самтҳои афзалиятноки такмили идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ.
  4. Ташаккули ҳукумати электронӣ ҳамчун самти афзалиятноки хизмати давлатӣ.
  5. Коркарди консепсияҳои нави идоракунии давлатӣ.
  6. Таҳияи стандартҳои хизматрасонии давлатӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
  7. Коркард ва татбиқи қарорҳои идоравӣ: ҳолат, дурнамо ва арзёбӣ.
  8. Стратегия ва тактикаи таҳияи рушди идоракунии давлатӣ дар ҷумҳурӣ.

Суроғаи мо: 734003, ш. Душанбе, куч. Саид Носир 33, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Кумитаи тадорукот: раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ;

 

Тел.: 918 18 70 10,   93 505 46 86

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *