Рушди сайёҳӣ – василаи муаррифии миллат

              Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои  мудирони шуъба (бахш) сармутахассисон, мутахассисони пешбари мақомоти марказӣ ва зерсохторҳои маҳаллии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи барномаи «Сиёсати  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ», ки аз 23 то 28 майи соли 2019 идома меёбад, ифтитоҳ гардид.

Дар ифтитоҳи курс Файзализода Ҷумахон – муовини Ректор оид ба таълим, Амирбекзода Ҳабибулло – муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, Иброҳимова Саодат – декани факултети азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Файзализода Ҷ . Х. ҳузури аҳли нишастро бо камоли эҳтиром хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти ҳар як давлат маҳсуб ёфта, муаррифгари таъриху тамаддун, анъанаҳои миллӣ, захираҳои табиӣ ва олами набототу ҳайвонот мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки сайёҳӣ тӯли даҳсолаҳо, қатъи назар аз буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ, босуръат рушд менамояд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ аҳамияти махсус зоҳир намуда, соли 2018 “ Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гаштанд. Ин тадбирҳо ба рушди соҳаи сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бо ҳам тавъаманд, нигаронда шудаанд.

Ҳабибулло Амирбекзода иброз дошт, ки ду сол муқаддам  Пешвои миллат  дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум соли 2018-ро “ Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  эълон  намуданд.

Воқеан ҳам аз ҷониби  Сарвари давлат  эълон гардидани соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ заминаи воқеӣ гузошт.

Зикр гашт, ки дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа мустаҳкам гардида, бо дастури Сарвари давлат Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шуд. Дар асоси Стратегия бори нахуст нишондиҳандаҳо ё индикаторҳои рушди соҳа, аз ҷумла шумораи сайёҳони ба ҷумҳурӣ ташрифоварда, саҳми сайёҳӣ дар ММД, саҳми сайёҳӣ дар содирот, саҳми сармоя ба соҳаи сайёҳӣ дар маҷмуи сармоягузориҳо, саҳми сайёҳӣ дар қисми даромади буҷети давлатӣ, миқёси хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ, шуғли аҳолӣ дар соҳаи сайёҳӣ, шумораи субъектҳои бақайдгирифташудае, ки дар соҳаи истироҳат ва табобат хизматрасонӣ мекунанд ва мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои меҳмоннавоз муқаррар карда шуданд.

Дар натиҷаи дастгирии пайвастаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 нишондиҳандаҳои мазкур то ҳадди имкон натиҷагирӣ карда шуда, аз ҷумла шумораи сайёҳони хориҷӣ ба як миллиону 155 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба  як соли пеш  2,6 маротиба зиёд аст. Шумораи сайёҳони дохилӣ бори аввал 751 000 нафарро ташкил  дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррифии таъриху фарҳанг, табиат, анъанаҳои миллӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Дастовардҳои Тоҷикистон  дар самти сайёҳӣ идомаи натиҷаҳои сиёсати  оқилонаи  Сарвари давлат дар муаррифии мардум ва сарзамини тоҷикон дар арсаи ҷаҳонист. Дар ин талошҳои хастанопазири Пешвои миллат ду ҷанбаи бисёр муҳим амалӣ мешаванд, ки таваҷҷуҳ ба онҳо моҳияти асосии ин сиёсатро нишон медиҳад.

Ҳадаф аз баргузории курс мусоидат барои аз худ намудани донишу малакаи кормандони соҳа оид ба рушди сайёҳӣ арзёбӣ гардид.

Дар рафти ифтитоҳи курси мазкур оид ба таваҷҷуҳи имрӯзаи давлату Ҳукумат ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳамчунин дастгирии мутахассисони ин соҳа ва ҷалби онҳо ба курсҳои омӯзишӣ ёдрас шуда аз ҷумла қайд гардид, ки курсҳои такмили ихтисос воситаи хубеанд, ки хизматчиёни давлатӣ дониши худро такмил дода, аз таҷрибаи ҳамдигар дар фаъолияти минбаъдаи худ истифода мебаранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *