Ҷалласаи шӯрои кор бо занон ва духтарон баргузор гашт

Дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалласаи шӯрои кор бо занон ва духтарон баргузор гардид, ки дар он Аҳмадзода Зулфия Кабир муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Фарзона Носирова, сардори шуъбаи корҳои тарбиявӣ ва Гулбаҳор Неъматова ҳамшираи тиббӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аҳмадзода Зулфия, нахуст ҳозиринро бо оғози соли нави таҳсил ва ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишкада табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти меҳнатӣ ва таҳсилашон барору комёбӣ орзу намуд. Дар баромад зикр гардид, ки занону духтарони Донишкада дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Рўзи дониш ва дарси сулҳ ироа гардиданд, сармашқи кору фаъолияти ҳамарўзаашон гардонида, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани бино ва атрофи он саҳми арзандаи худро гузоранд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки Қоидаҳои тартиботи дохилӣ барои донишҷўён ва магистрантони Донишкада дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Консепсияи  миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Оинномаи Донишкада қабул карда шудааст. Қоидаҳои тартиботи дохилӣ барои донишҷўён ва магистрантони Донишкада бо мақсади таъмини иҷрои талаботи қонунгузории соҳаи маориф, муътадил ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, мустаҳкам намудани тартибу интизом дар рўҳияи ватандўстиву одоби ҳамида, тарбия намудани донишҷўёну магистрантон таҳия ва қабул шудааст.

Зикр гардид, ки иҷрои талаботи Қоидаҳо барои донишҷўёну магистрантон ва новобаста аз шакли таҳсил  ҳатмӣ буда баъди ба Донишкада қабул ё интиқол ёфтанаш бо матни пурраи он шинос карда мешаванд.

Ҳамчунин дар раванди ҷаласа сардори шуъбаи корҳои тарбиявӣ, ки ҳамзамон раиси Шўрои занон ва духтарони Донишкадаро ба ўҳда дорад дар хусуси Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷўён ва омўзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, тавассути слайд ба иштирокчиёни ҷаласа намоиш дода шуд.

Таъкид шуд, ки дар асоси қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва дастурамали либосҳои тавсияӣ бояд ба муассисаи таълимӣ бо либосҳое, ки дастурамали мазкур тавсия додааст ҳозир шаванд. Ба ғайр аз ин ба иттилои донишҷўён расонида шуд, ки соли 2018 китоби Дастурамали либосҳои тавсивӣ барои занон ва духтарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад. Бинобар ин донишҷўёнро лозим аст бо китоби мазкур шинос шуда, аз он дар фаъолияти ҳамарўзаашон истифода баранд.

Дар ин чорабинӣ ҳамшираи тиббии Донишкада Неъматова Гулбаҳор суханронӣ намуда, вобаста ба дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ фикру андешаҳои худро баён намуд.

Аз ҷумла, номбурда дар хусуси сабабҳои пайдоиши бемории сироятии ВНМО/БПНМ ба шунавандагон маълумотҳои дақиқро пешниҳод намуд. Ҳамчунин оид ба пешгирии хатари паҳншавӣ ва оқибатҳои ногувори мубталошавии шаҳрвандон ба бемориҳои сироятии ВНМО/БПНМ ибрози ақида намуд. Зикр гардид, ки дар сурати сари вақт табобат накардани бемории мазкур он оқибатҳои вазнинро ба бор меоварад. Дар хусуси бо кадом роҳҳо паҳн шудани бемории мазкур маълумоти саҳеҳ пешниҳод карда шуд. Дар анҷоми ҷаласа занону духтарон вобаста ба масъалаҳои баррасигардида, фикру андешаҳо ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *