Ректори Донишкада: “Дастовардҳои нимсолаи якуми соли таҳсили 2019 назаррасанд”

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муассисаи олии таълимию илмии давлатӣ мебошад, ки
самти фаъолияти он ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии
давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таљрибаомўзии
хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст. Ин матлабро рӯзи 29. 07.
2019 зимни нишасти матбуотӣ Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ –
Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.
Зикр гашт, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати баланд бардоштани
сатҳу сифати таълим дар курсҳои азнавтаёркунӣ ва такмили ихтисоси
хизматчиёни давлатӣ, таҳсилоти дуюми олии касбӣ ва магистратура 17
нафар докторони илм, профессорон 69 нафар номзадҳои илм,
дотсентон ҷалб карда шудаанд, ки ин нисбат ба нимсолаи аввали соли
тањсили 2018 – 2019 16 дарсад зиёд мебошад.
Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар самти омодакунии мутахассисони соҳавӣ тадбирҳои
мушаххас андешидааст. Аз ҷумла, донишкада дар ҳамкорӣ бо Бунёди
«Ҳанс Зайдел»- и Олмон таҳсилро барои хизматчиёни давлатӣ дар
зинаи магистратура аз рӯи ихтисоси «Идораи давлатӣ» ба роҳ
мондааст, ки ҳамасола аз 60 то 65 нафар онро хатм мекунанд.
Муҳлати таҳсил барои магистрантони хизматчиёни давлатӣ як сол
мебошад. Зикр гашт, ки дар Донишкада бо мақсади ба роҳ мондани
ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва методӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ оид ба
тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб, баланд бардоштани савияи
илму дониши устодону донишҷӯён, омӯхтани таҷрибаи пешқадам
барои баланд бардоштани сифати таълим тавассути технологияи
ҳозиразамон, ташкил ва фиристодани устодон ба хориҷи кишвар
ҷиҳати ширкат дар семинару ҷаласаҳо, конференсияҳои илмию
байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи якдигар ҳамкорӣ ба роҳ монда
шудааст.
Дар шашмоҳаи аввали соли равон миёни Донишкадаи
идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
Донишгоҳи Федералии Қазони Федератсияи Россия Ёддошти тафоҳум
ба имзо расид. Дар айни замон донишкада бо зиёда аз 12 муассисаи
таълимии хориҷи мамлакат ва ташкилотҳои байналмилалӣ шартномаи
ҳамкорӣ бастааст, ки ин ҳамкорӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи

дониш, маҳорати кордониву корбарии самти идораи давлатӣ ва
хизмати давлатии магистрантон ва табодули таҷрибаи хизматчиёни
давлатӣ муҳиму саривақтист.
Дар доираи ин ҳамкориҳо ҳамасола хатмкардагони зинаи
магистратураи хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати гузаштани таҷрибаомӯзӣ
ба кишварҳои шарик барои табодули таҷриба равона мегарданд.
Дар соли таҳсили 2018-2019 Донишкадаро 352 нафар
донишчўёну магистрантон хатм намуданд, ки аз ин 34 нафар соҳиби
дипломи аъло ва 318 нафар соҳиби дипломи муқаррарӣ гардиданд.
Тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ кормандону омўзгорони Донишкада
лоиҳањои илмӣ-таҳќиќотии «Энсиклопедияи идоракунии давлати дар
Точикистон» (солњои 2016-2020 рақами бақайдгирї №0116TJ00767),
ва «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалањои ташаккул ва
рушд»-ро идома дода истодаанд.
Аз чониби устодони Донишкада дар ин нимсола 6 китобу
монография ва дастури таълимї, инчунин, зиёда аз 50 мақолаи илмӣ-
оммавӣ нашр гардид.
Дар доираи лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотии Пажӯҳишгоҳи идоракунии
давлатӣ ва хизмати давлатии Донишкада китоби «Мактаби
давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» дар
ҳаҷми 849 саҳифа, ҳамчунин, китоби «Мубориза бо идеологияи
экстремизм ва терроризм дар ҷаҳони муосир» дар ҳаҷми 268 саҳифа
таҳия ва омодаи нашр мебошад.
Дар Донишкада рӯзномаи «Сарвар ва миллат» таъсис дода шуд,
ки аввалин шумораи он бахшида ба Рӯзи дониш нашр мегардад.
Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.06.2019, №135 Маҷаллаи илмии
«Идоракунии давлатӣ»-и Донишкада ба феҳристи маҷаллаҳои илмии
тақризшавандаи Љумњурии Тољикистон ворид гардид.
Дастаи олимпии Донишкада соли равон бори аввал дар таърихи
фаъолияти Донишкада «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон»- ро соҳиб гардид, – иброз намуд Абдухалил Ғафурзода.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *