Донишкадаи идоракуниро 33 нафар бо дипломи аъло хатм карданд

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супурдани дипломҳои хатм ба хатмкунандагони Донишкада баргузор гардид.

Дар он Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – Ректори Донишкада, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Аюбӣ Бибиосия – муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Зулфия – муовини Ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, устодону кормандон, хатмкунандагон ва волидони онҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори Донишкада зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷўҳи Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Дар солҳои таҳсили 2018 – 2019 Донишкадаи мазкурро аз рӯи ихтисосҳои идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура 270 нафар хатм намуданд, ки аз ин миқдор 33 нафарашон соҳиби  дипломи сурх  гардиданд.

Зикр гашт, ки имрӯз дар кишвар 39 муассисаи таҳсилоти олӣ ба омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун машғуланд. Миёни онҳо Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи олист, ки ба омода кардани кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ машғул аст.

Аюбӣ Бибиосия иброз намуд, ки имрӯз қисми зиёди хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат ба садоқати насли ҷавон боварӣ ва эътимоди қавӣ доранд.

Маҳинабону Шарипова – роҳбари маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, хатмкунандаи зинаи магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатӣ аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба насли ҷавон изҳори андеша намуда, зикр кард, ки мо ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошем, ташаббусҳои созанда нишон диҳем, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоем, ҳамзамон дар  ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат ба халқу Ватан хизмат намоем .

Дар чорабинии мазкур хатмкунандагону волидони онҳо низ баромад карда, миннатдории хешро ба роҳбарияти Донишкада ва устодон иброз доштанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Ректори Донишкада дипломҳои сурх ба 33 нафар хатмкунандагон супурда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *