Ифтитоҳи курси “Зан - сарвар” дар вилояти Суғд

Бо ташаббуси Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Тоҷикистон курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони “Зан – сарвар”, ки аз 2 то 11 июли соли 2019 дар вилояти Суғд баргузор мегардад, ифтитоҳ гардид.

Дар расми ифтитоҳи курс Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Ҷумахон Давлатов –Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муртазозода Ҷамшед – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор ва Икромов Беҳзод  – намояндаи Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Ректори Донишкада чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, дар он занону духтароне, ки дар мақомотҳои маҳаллӣ кору фаъолият доранд, ҷалб карда мешаванд.

Зикр гашт, ки Пешвои миллат дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26. 12. 2018) иброз намуда буданд, ки “мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем”.

Профессор Ҷамшед Муртазозода дар суханронии худ иброз намуд, ки имрӯзҳо 6 нафар зан дар Маҷлиси миллӣ ва 13 нафари дигар дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ кору фаъолият доранд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки  ҷалби занону духтарон ба илмомӯзӣ ва беҳтар намудани шароити кору зиндагии онҳо аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шаклҳои муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузоштааст.

Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлатӣ  Маҷлиси Олӣ то ба имрӯз чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқиро омода ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст, ки аксарияти онҳо қабул гардидаанд. Аз ин рӯ, санадҳои ба тасвибрасида барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.

Исматуллои Шерхон – ҳамоҳангсози курс иброз намуд, ки дар он 26 нафар занону духтарон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷалб карда шудаанд. Курси мазкур се давраро дарбар мегирад. Дар анҷоми курс шунавандагон аз рӯи барномаи “Зан – сарвар” соҳиби диплом мегарданд, ки дар болоравии мансабии онҳо нақши муҳим хоҳад бозид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *