Хушхабар! Устоди Донишкада рисолаи номзадиашро ҳимоя кард!

6-уми июли соли 2019 муовини декан оид ба таълими факултети Муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзов Некрӯз рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои осиёи марказӣ дар даврони истиқлолият” дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии номзади илмҳои таърих, дотсент Шарипов А.Н. сарбаландона дифоъ намуд.

Баъд аз саволу ҷавоб ва баромадҳои иштирокдорону муқарризон аз ҷониби раиси Шӯро эълон гардид, ки унвонҷӯ Файзов Некрӯз рисолаи илмиашро бо муваффақият ҳомоя намуд ва пешниҳод кард, ки ӯ ба дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих арзанда аст.


Ректори Донишкада доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ дар ҳимояи номзадии Файзов Некрӯз ба ҳайси муқарризи ғайрирасмӣ баромад намуда, иброз дошт, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар даврони истиқлолият густариш ёфта, бо шарофати сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими минбаъдаашон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Раёсати Донишкада, ҳайати устодону кормандон ва садорати факултети Муносибатҳои байналмилалӣ Н. Файзовро ба ин дастовардӣ илмӣ таҳният гуфта, таманнои онро доранд, ки қуллаҳои баланди илмиро фатҳ намояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *