Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест…


Бори дуюм аст, ки доктори илмҳои сиёсӣ,  узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов Саймумин Сатторович таълифоти илмии хешро ба Китобхонаи илмии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим менамояд.

Ин навбат 8 номгӯйи адабиёти илмӣ ва илмӣ-оммавии арзишманд ҳамчун маҳсули афкору андешаҳои муаллиф, бо камоли эҳтиром дастраси устодону донишҷӯёни Донишкада гардид. Роҳбарият, ҳайати омӯзгорону кормандон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни Донишкада аз иқдоми навбатии С. Ятимов изҳори сипос менамоянд.

Мусаллам аст, ки дар ҳама давру замон китоб арзиши баланд дошт ва беҳтарин туҳфа барои инсон ба ҳисоб меравад. Китобҳои тақдимнамуда яқинан дар самти такмили донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ, магистрантону донишҷӯён нақши муассир дошта,  истифодаи онҳо дар раванди таълим ва корҳои илмии устодону унвонҷӯёни Донишкада муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон бояд қайд кард, ки мавзӯъҳои фарогири китобҳои мазкур пурмуҳтаво буда, дар самти таҳкими суботу устувории ҷомеа ва пешгирии шомилшавии  ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ саҳми арзанда мегузоранд. Инчунин мазмуни ин таълифот барои посдории арзишҳои миллӣ, дар рушди худшиносиву худогоҳии даврони муосир басо арзишманд аст.

Роҳбарият ва устодони Донишкада барои ҳамкориҳои судманд дар ҷодаи илму маърифат ба академик С. Ятимов изҳори миннатдорӣ намуда, ҷиҳати тарбия намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ пайваста талош менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *