Ваҳдати миллӣ – замонати амалишавии ҳадафҳои созанда

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабии сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

Дар он Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – Ректори Донишкада, Файзализода Ҷумахон – муовини ректор оид ба таълим, Ҷамшедов Ҷамшед – муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, Аҳмадзода Зулфия – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Толибов Раҷабмурод – сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ғафурзода Абдухалил чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки 27-уми июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон воқеаи фараҳбахше ба амал омад, ки натиҷаи талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ин рӯз санади басо муҳими таърихӣ ва барои миллату давлати мо тақдирсоз – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дар саҳифаи таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.

Ализода Баҳриддин – сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ зимни маърузаи худ қайд кард, ки бо гузашти 22 сол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ он ҳамчун санади ҳамгироиву ҳамдигарбахшӣ, ки назири худро дар ҷаҳон надорад, ҷузъи таркибии хиради сулҳҷӯёнаву таҳаммулгароёнаи мардуми кишвар ва таҳкимбахши равандҳои демократии ҷомеа гардидааст. Ҳамин сулҳу субот, ваҳдату оромӣ ва ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ буд, ки миллат сарҷамъ гардид, давлат рушд кард, кишварро тамоми ҷаҳон шинохт ва эҳтиром намуд. Волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ таъмин шуд, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътирофу ҳифз гардиданд, Конститутсия ва санадҳои қонунгузории зиёд қабул, адолати иҷтимоӣ пойдор, соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ рушд ёфтанд ва сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардид.

Толибов Раҷабмурод зимни суханронӣ изҳор дошт, ки вақте Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳро имзо карда баргаштанд, дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе гурӯҳ – гурӯҳ одамон ҷамъ омада, мунтазири паёми тозаи сулҳ буданд. Баъди расондани паёми сулҳ Пешвои миллат иброз доштанд, ки созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт.

Чорабинии сиёсӣ-маърифатиро барномаи рангини ҳунарии шуъбаи фарҳанги Донишкада, донишҷӯён бо қироати шеър ва суруд дар васфи истиқлолу ваҳдат, Ватан ҳусни хотима бахшид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *