Оғози курсҳои сайёр дар вилояти Суғд

Бо мақсади мусоидат барои аз худ намудани донишу малакаи зарурии хизматчиёни давлатӣ оид ба соҳаи хизмати давлатӣ, аз 10 то 15 июни соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд курси сайёри азнавтайёркунӣ барои хизматчиёни давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки соли 2018 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, аз рӯи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳаҷми 46 соати таълимӣ, бо фарогирии 53 нафар баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи курс Ҷамшедов Ҷ.Н.- муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, Сулаймонов Қ. – мутахассиси бахши Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд, Ҷаҳонзода Р. – мутахассиси бахши кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Суғд, Иброҳимова С.З. – декани факултети азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ иштирок намуда, шунавандагонро бо мақсаду муҳтавои барномаи курс ошно намуданд.
Дар мизи мудаввар вобаста ба мавзӯи «Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» суҳбат доир гардид, ки дар он шунавандагон ба саволҳои худ аз тарафи Иброҳимова С.З.- декани факултети азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, Мансурзода Абдулло Манон – сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Нуриддинов Ҳ. – номзади илмҳои таърих, дотсент, Шарипов Ш.Р. – мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, Сайдамадова Д.Л. – мудири кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарии Донишкада ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Дар фарҷоми курс ҳамаи шунавандагон соҳиби «Гувоҳнома» гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *