Татбиқи сиёсати давлатии муқовимат бо коррупсия

Бо мақсади мусоидат барои баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ оид ба сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бар зидди коррупсия  курси сайёри такмили ихтисос барои намояндагони мақомоти давлатии муборизабаранда ба муқобили коррупсия (намояндагони мақомоти Прокуратура, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии Амнияти миллӣ ва Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсия) – и вилояти Суғд, аз рӯи барномаи «Сиёсати давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо фарогирии 36 нафар дар шаҳри Гулистон субҳи рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо иштироки Қаҳҳоров Меҳрубон Қаҳҳорович – намоянда аз масъули хадамоти кадрии шаҳри Гулистон, Сулаймонов Қадриддин – намоянда аз Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд, Нуриддинов Ҳомидхон – номзади илмҳои таърих, дотсент Сафаров Абдухолиқ Зафарович – муовини декани факултети азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ифтитоҳ ёфт.

Аз натиҷаҳои xамъбасти курси мазкур дар саҳифаҳои навбатӣ иттилоъ хоҳем дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *