Ҷамъбастӣ курси Зан – Сарвар дар Донишкада

         Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои намояндагони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи «Зан – Сарвар», ки аз 3 то 8 июни соли 2019 баргузор гардид, ҷамъбаст гашт.

Дар ҷамъбастӣ курс Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қосимзода Идигул Тағо – Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иброҳимова Саодат – декани факултети азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ғафурзода Абдухалил, иброз дошт, ки Фармони Президенти ҷумҳурииТоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ҷиҳати таъмини иштироки воқеии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат нақши муҳим бозид. Ин барои қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи мусоид ба вуҷуд овард, ки мақсади он беҳбудии вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, беҳ гардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак ва солимии ҷомеа мебошад. Татбиқи амалии ин чорабиниҳо имкон дод, ки дар замони муосир бонувони тоҷик комилан соҳибҳуқуқ гарданд.

Бар замми ин, масоили беҳ гардонии шароити кори занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, – илова намуд Ректори Донишкада.

Қосимзода Идигул, зимни суханронӣ ба Раёсати Донишкада барои ташкили чунин курсҳо изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки сиёсати давлату Ҳукумати кишвар аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа нигаронда шудааст.

Зикр гашт, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, дар он занону духтароне, ки дар мақомотҳои маҳаллӣ кору фаъолият доранд, ҷалб карда шудаанд ва ҳадаф аз баргузории он аз худ намудани дониш ва тарзу усулҳои роҳбарӣ дар идоракунии давлатӣ мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *