Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон соли 2019 аввалин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» доир мегардад.
Бо ин мақсад 8-уми июн дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни устодону донишҷӯён даври аввали мусобиқа ифтитоҳ гардид.

Фарҳад Суфиев, сардори Раёсати тарбия зимни ифтитоҳ иброз дошт, ки дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба дар таърихи варзиши кишвар  мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” баргузор мегардад, ки ин намунаи олии таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат нисбати варзиш мебошад.

Зимни сабқат 6 нафар устодону донишҷӯён аз дастаи Донишкада барои иштирок дар даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.

Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон, марҳилаи ниҳоии сабқат аз 1 то 5 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот баргузор мешавад.
Мавриди зикр аст, ки маблағи умумии ҷоизаи «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» 100 (сад) ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барои ҷойи якуми даставӣ 30 000 сомонӣ, ҷойи дуюми даставӣ 25 000 сомонӣ, ҷойи сеюми даставӣ 20 000 сомонӣ ва барои намудҳои инфиродӣ аз рӯи синну сол 25 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *