Ифтитоҳи курси зан-сарвар дар Донишкада

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои намояндагони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи «Зан – сарвар», ки тибқи нақша аз 3 то 8 июни соли 2019 баргузор мегардад, ифтитоҳ гардид.

Дар расми ифтитоҳи курс Файзализода Ҷ.Х.- муовини Ректор оид ба таълим, Олимӣ Марҳабо –  муовини аввали Раиси Кумитаи  кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Аҳмадзода З.К. – муовини Ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Иброҳимова С.З. – декани факултети азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, Азизова Қ.А. – намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гашт, ки ҳадаф аз баргузории курс ин мусоидат барои аз худ намудани дониш ва тарзу усулҳои роҳбарӣ дар идоракунии давлатӣ мебошад. Файзализода Ҷ.Х. – иброз дошт, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, дар он занону духтароне, ки дар мақомотҳои маҳаллӣ кору фаъолият доранд, ҷалб карда шудаанд.

Олимӣ Марҳабо зимни суханронии худ қайд кард, ки сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ба баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа нигаронда шудааст ва тавре шоҳид ҳастем, мақоми занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *