Идомаи имтиҳонҳои давлатӣ ва фосилавӣ

Дар асоси фармоиши Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани сессияи санҷишӣ-имтиҳонии тобистонаи соли таҳсили 2018-2019 дар зинаи таҳсилоти бакалавриат ва магистратура аз 03.06.2019 то 06.07.2019, ҳамчунин аз 20. 05. 2019 имтиҳонҳои давлатии зинаи бакалавриат ва маълумоти дуюм низ  ҷараён дорад.

Бино бар иттилои Раёсати таълими Донишкада вақти қабули имтиҳонҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи сессияи имтиҳонии тобистонаи соли таҳсили 2018-2019 дар ду баст – аз соати 800 то 1200  ва аз соати 1300 то 1700 ба роҳ монда шудаанд.

Бо мақсади шаффоф ва дар сатҳи зарурӣ гузарондани сессияи санҷишию имтиҳонӣ ситоди махсус таъсис дода шудааст, ки рафти имтиҳонҳоро пурра назорат карда, аз ҷараёни он ба Ректори Донишкада ҳисобот медиҳад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *