Шанбегӣ бо иштироки устодону кормандон

1 – 2  июни соли ҷорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ баргузор карда шуд.

Дар он устодону кормандон фаъолона иштирок намуда, бехи дарахтонро нарм намуда, гирду атроф, саҳни ҳавлии бинои таълимии Донишкадаро аз алафҳои бегона, ҳамчунин, аз гардиши роҳи кӯчаи Саид Носир то охири бинои нави Донишкада (кӯчаи Л.Толстой) тозаву озода карда шуда, партовҳои ҷойҳои обгузари сари роҳ тоза карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки то имрӯз  бо ташаббуси роҳбарияти Донишкада дар натиҷаи корҳои бунёдкориву созандагӣ дохил ва беруни бинои таълимии Донишкада пурра таъмир гардида, дар саҳни он гулҳои ороишӣ, дарахтони ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонда шуданд.

Аҳли коллективи меҳнатии Донишкада дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ободонию хуррамгардонии пойтахти азизамон  минбаъд низ саъю кӯшиш менамоянд, то саҳмгузор бошанд.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди муассисаи таълимӣ  то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди Донишкада шанбегиҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *