Вохӯрии кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо устодону донишҷӯён

        Бо мақсади пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти ифротгароӣ ва тундгароӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати тарбия ва кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатӣ вохӯрии кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Умарҷони Эмомалӣ – сардори маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ, Суфиев Фарҳад – сардори раёсати тарбия, Иброҳимова Саодат – декани факултети такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва азнавтайёркунии хизматчиёни давлатb, Каримов Абдулҳаннон – мудири кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатӣ, Сайдаҳмадова Дилором – мудири кафедраи илмҳои иҷтимоӣ – гуманитарӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Каримов Абдулҳаннон чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ин вабои аср бештар ба ҷавонон таҳдид мекунад ва ташвишовар он аст, ки бархе ҷавонон аз надоштани саводи кофии диниву дунявӣ ба доми ин гурӯҳҳо гирифтор шуда, оқибат ҳаёти худро зери хатар мемонанд.

Таъкид гашт, ки Донишкада дар самти пешгирии амалҳои номатлуб ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ миёни ҷавонон вохӯрию корҳои фаҳмондадиҳиро мунтазам ба роҳ мемонад.

Умарҷони Эмомалӣ зимни суханронии худ қайд кард, ки хушбахтона, имрӯз ҷавонон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар зидди ҳамагуна амалҳои номатлуби ҷаҳони муосир мубориза мебаранд. Зеро сулҳу осоиштагии Ватани мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Бо ҷонбозиҳои фарзонафарзандони миллат имрӯз кишвари моро дар ҷаҳон ҳамчун давлати сулҳхоҳ мешиносанд. Ҳоло дар ҷаҳон баъзе кишварҳо аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ гирифтори ҷангу низоъҳои дохилӣ шуда, ин ҳолат ба ноором гардидани ҳаёти осоиштаи сокинон оварда расондааст. Дар ин маврид, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи тадбирҳои пешгирӣ оид ба ин гуна ҷиноятҳоро ба назар гирифта, тадбирҳои зарурӣ, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба варзиш ва ташаккули мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ андешида истодаанд.

Зикр гашт, ки ҳар як фарди худогоҳу худшиноси кишвар, хусусан ҷавонон бояд муқовимат бо терроризм ва экстремизмро дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ пурзӯр намоянд.

Дар анҷоми чорабинӣ миёни намояндагони ВКД ва донишҷӯён саволу ҷавоб доир гардида, ба саволҳои сершумори худ донишҷӯён посухҳои мушаххас гирифта, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *