Мубориза бо коррупсия самти афзалиятноки сиёсати давлатист

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос  барои кормандони мақомотҳои сохторҳои Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз рўи барномаи «Сиёсати  давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибrи наrша аз 27 то 30 майи соли 2019 идома меёбад, ифтитоҳ гардид.

Дар ифтитоҳи курс Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Файзализода Ҷумахон – муовини Ректор оид ба таълим, Аҳмадзода Зулфия – муовини Ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Иброҳимова Саодат – декани факултети азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва Аюбӣ Бибиосия – муовини Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори Донишкада ҳузури аҳли нишастро бо камоли эҳтиром хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша яке аз масъалаҳои меҳварӣ буда, муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол то сол ҷиддитар мешавад. Ин дар ҳолест, ки кишвари мо аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.

Чунончӣ, ҳанӯз соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» ба тасвиб расида, дар асоси он самтҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ муайян шуданд.

Баъдан, аниқтараш дар соли 2007 ба манзури тақвияти мубориза бо ин зуҳурот ниҳоди махсус – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис ёфт, ки сохтор то кунун дар мавриди ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои характери коррупсионидошта, муайян ва барқарор намудани маблағҳои сарфашудаи давлатӣ фаъолияти назаррас нишон дода истодааст.

Ҳамчунин, зикр гашт, ки имрӯз Тоҷикистон узви шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд буда, вобаста ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт иқдомоти зиёдеро амалӣ намудааст. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ду стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия қабул карда шуд, ки дар онҳо чораҳои маҷмӯии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидоштаи вобаста ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд. Мавҷудияти ҳамин санадҳо ва дар доираи он амалӣ намудани чорабиниҳои вижа доир ба мубориза бо коррупсия сиёсати давлатии зиддикоррупсиониро таҳким бахшида, боиси эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.

Дар рафти ифтитоҳи курси мазкур оид ба таваҷҷӯҳи имрӯзаи давлату Ҳукумат ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дастгирии мутахассисони ин соҳа ва ҷалби онҳо ба курсҳои омӯзишӣ ёдрас шуда, аз ҷумла қайд гардид, ки курсҳои такмили ихтисос василаи хубеанд, ки хизматчиёни давлатӣ дониши худро такмил дода, аз таҷрибаи ҳамдигар дар фаъолияти минбаъдаи худ самаранок истифода мебаранд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *