Ҷавонон – зидди ВНМО

Дар асоси Нақша-чорабинии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Даҳ рӯзи ҷавонон” таҳти унвони “Ҷавонон зидди ВНМО/СПИД” бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар гулгашту хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби Созмони ҷавонони донишҷӯёни Донишкада аксияи тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида шуд.

Иштирокчиёни аксия брошюраҳои ранга ва варақаҳои таблиғотиро дар хусуси пешгирии хатари паҳншавӣ ва оқибатҳои ногувори мубталошавии шаҳрвандон ба бемории сироятии ВНМО/СПИД омода намуданд.

Ҳамчунин, донишҷӯёни Донишкада дар ин рӯз дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр варақаҳои таблиғотиро ба шаҳрвандон тақсим намуда, оид ба сабабу омилҳои паҳншавии бемории мазкур ва оқибатҳои марговари он миёни сокинону меҳмонони пойтахт корҳои фаҳмондадиҳb гузарониданд.

Донишҷӯёни фаъоли Донишкада тасмим гирифтаанд, ки минбаъд низ дар асоси нақша – чорабиниҳо дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *