Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон” чорабинии фарҳангӣ – маърифатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Аҳмадзода Дилноза – муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Зулфия – муовини Ректор оид ба корҳои тарбиявӣ устодон, кормандон, донишҷӯён иштирок карданд.

Ректори Донишкада нахуст  ҳозиринро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда иброз дошт, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷўҳи Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Зеро имрӯз ҷавонони мо ба сифати як неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкору ташаббускор ва пайравони асили Пешвои миллат дар ҳаёти сиёсӣ – фарҳагии кишвар шинохта ва эътироф шудаанд.

Зикр гардид, ки мақсад аз гузаронидани чунин барномаҳои сиёсӣ-фарҳангӣ, ватандӯстӣ дар доираи “Рӯзи ҷавонон” бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи дӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ дар шуури ҷавонон мебошад.

Дилноза Аҳмадзода, табрикоти роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавононро ба иштирокчиён расонда, иброз намуд, ки ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад. Ҳамчунин, зикр гардид,  ки имрўз ҷавонони мо атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ озодона ибрози андеша менамоянд ва ин далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегардад.

Ҳамчунин, ҳозирин аз таваҷҷӯҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат нисбат ба насли ҷавон сухан карда, зикр намуданд, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд. Ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд.  Дар  ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя намоянд.

Дар рафти чорабинӣ аз номи раёсати Донишкада ба устодону донишҷӯёне, ки дар Олимпиадаҳои ҷумҳуривӣ ва чорабиниҳои варзишӣ иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд бо ифтихорномаву сипоснома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонда шудаанд.

Ҷамъомади идонаро барномаи рангини ҳунарии шуъбаи фарҳанг ва истеъдодҳои ҷавон ва донишҷӯён бо қироати шеъру суруд дар васфи Ватан, ҷавонӣ, саҳначаҳои ҳаҷвӣ ҳусни идона бахшид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *