Иштироки ректори Донишкада дар Форуми Иқтисодии Остона 2019

Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Донишкада Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор дар конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Роҳбарии трансформатсионӣ дар шароити ҷаҳони тағйирёбанда”, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон 16 – 17 майи соли 2019 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар Форуми мазкур ректорони академияву донишкадаҳои идоракунии давлатии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Белорусия, Бошқирдистон, Федератсияи Россия, инчунин, сиёсатмадорон, коршиносони пешсаф дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, намояндагони иттиҳодияҳои бузурги саноатӣ, шахсони мансабдори олии мақомоти давлатӣ, олимону муҳаққиқон  иштирок ва дар мавзўъҳои мубрами соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ бо  маърўзаҳои худ баромад карданд.

Дар доираи Форум вохӯрии ректорони академияву донишкадаҳои идоракунии давлатии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Белорус, Бошқирдистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунандаи муосир дар соҳаи идоракунии давлатӣ мавриди баррасӣ ќарор дода шуд.

Дар рафти вохӯрӣ ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ баромад намуда, ҳамкасбони худро бо роҳи тайкардаи Донишкада, тарзу усулҳои тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва самтҳои нави фаъолияти он шинос намуд. Зикр гардид, ки Донишкада дар фаъолияти худ аз таҷрибаи муассисаҳои дахлдори таълимии  Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар давлатҳо ба таври васеъ истифода менамояд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин муколама роҷеъ ба табодули таҷрибаи байниҳамдигарии сурат гирифт, ки мундариҷаи асосии он такмилу таҳкими шаклу усулҳои муосири таҳсили хизматчиёни давлатӣ ва омода намудани ҳайати роҳбарикунандаи хизматчиёни давлатии  ҷавобгуй ба шарту шароитҳои ҷаҳони муосир буд.

Ҳамзамон, Ректори Донишкада дар доираи сафари хизматӣ бо Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ахметов А.М. ва муовини ректори Академияи хоҷагии халќ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия М.Марголин ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои судманд вохўрӣ анҷом дод.  Роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон омодагии худро барои вусъат додани ҳамкориҳои васеъ бо Донишкада баён карда, пешниҳод намуд, ки вобаста ба талаботи имрўза бояд аз шаклу усулҳои муосири ҳамкориҳо истифода намоем.

Иштирокдорони чорабинӣ омодагии худро бо маrсади ҳамкориҳои судманди минбаъда дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунӣ баён намуданд. Таъкид гардид, ки бояд сатҳи идоракунӣ ва пеш аз ҳама, идоракунии давлатӣ вобаста ба тамоилҳои ҷаҳони зудтағйирёбанда баланд бардошта шавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *