Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Имрӯз (22.05.2019) вохӯрии Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор бо Директори Институти идоракунии иқтисодиёт ва молияи  Донишгоҳи Федералии Қазон – Багоутдинова Наиля Гумеровна, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба таҳсили донишҷӯён дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, докторантура, таҳсили фосилавӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон дар муассисаҳои олии касбии ҳарду кишварро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти вохӯрӣ Ёддошти тафоҳум миёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти идоракунии иқтисодиёт ва молияи  Донишгоҳи Федералии Қазони Федератсияи Россия ба имзо расид.

Ҳамчунин, мусоҳибон доир ба ҳамкориҳои минбаъдаи судманд суҳбат намуда, таъкид доштанд, ки минбаъд низ ба густариш ва таҳкими ин ҳамкориҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *