Нашъамандӣ - роҳҳои пешгирии он миёни ҷавонон

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша – чорабиниҳои 10 рӯзи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатӣ таҳти унвони “Тарзи ҳаёти солим роҳҳои пешгирӣ намудани нашъамандӣ дар байни ҷавонон” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар он Файзализода Ҷумахон – муовини Ректор оид ба таълим, Аҳмадзода Зулфия – муовини Ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Каримов Абдулҳанон – мудири кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатӣ, Сайдаҳмадова Дилором – мудири кафедраи илмҳои иҷтимоӣ- гуманитарӣ, Шукуров Фирӯз – профессори кафедраи физиологияи нормалии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, устодон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст маҳфилро Аҳмадзода Зулфия ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бемории нашъамандӣ яке аз мушкилоти умдаи ҷаҳони муосир ба шумор рафта, ба ҷони одамон ва солимии ҷомеа таҳдид мекунад. Ин аст, ки дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари мо низ ҷиҳати пешгирӣ аз нашъамандӣ дар асоси нақшачорабиниҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати кишвар чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар идомаи миззи мудаввар аз ҷониби Шукуров Фирӯз ҷиҳати роҳҳои пешгирии ҷавонон аз нашъамандӣ суханронӣ шуда, қайд гардид, ки бемории нашъамандӣ инсонро ба ноҷӯриҳои ҷисмониву ақлонӣ бурда расонида, асоси панҳншавии ҳаргуна вирусҳо, аз ҷумла ВНМО, гепатити С, бемориҳои узвҳои таносул ва сил мегардад. Зикр гардид, ки иттилоотонии мардум оид ба ин беморӣ асоси чораҳои пешгирӣ ба шумор  рафта, маҳз чораҷӯиҳои саривақтӣ метавонад садҳо нафарро аз марги эҳтимолӣ раҳо бахшад. Аз ин рӯ, бояд дар ин самт корҳои таблиғотию ташвиқотӣ боз ҳам пурзӯртар гардида, ҳар фарди солимфикр дар пешгирии нашъамандӣ худро масъул шуморад.

Каримов Абдулҳаннон зимни суханронӣ зикр намуд, ки мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ дар ҷомеа бо дарназардошти паёмадҳои ҳалокатбори он зарурати ҳар чи бештарро тақозо мекунад. Зеро паҳншавии маводи нашъаовар ва суистеъмоли он ҳамчун падидаи номатлуб ҳамеша боиси ташвишу нигаронист.

Аз ин рӯ, ин раванди номатлуб ҳамеша зери назари роҳбарияти олии мамлакат қарор гирифта, сиёсати зиддимухаддиротии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешгириву паҳншавии воситаҳои нашъаовар ва муборизаи беамон бар зидди ин вабои аср нигаронда шудааст.

Пешвои муаззами миллат 22 декабри соли сипаришуда зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ бори дигар ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро вазифадор карданд, ки бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди воридшавии маводи мухаддир ба кишвар ҳамкориҳои байниидоравиро тақвият бахшанд. Зеро фаъолияти муштараки вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар пешгирӣ ва муқобила бо нашъамандӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

 

 

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *