Иштироки устодону донишҷӯёни Донишкада дар Дави миллӣ

19 май бо ташаббуси Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таргиби тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш дар шаҳри Душанбе бо иштироки хазорон нафар одамони касбу корҳои гуногун аз вазорату кумитаҳо, идораву муаасисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳои олии шаҳр, инчунин, доираи васеи ҷавонону варзишгарон ва сокинони маҳаллӣ Дави миллӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Лутфия Абдулхолиқзода – Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадсаид Зувайдзода – муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, Аҳтам Абдуллозода – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гашт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷӯҳ намуда, барои беҳбудии ин соҳа хизматҳои созгорро ба анҷом расондааст, ки имрӯз варзишгарони мо дар ҳамаи олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат ва соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.

Дар ин чорабинии муњим аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 150 нафар устодону кормандон ва донишљўён фаъолона ширкат намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Дави миллӣ бо ташаббуси Пешвои миллат шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола  якшанбеи сеюми моҳи май доир мегардад, ки сол аз сол шумораи иштирокчиёни он  меафзояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *