Шанбегӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон

          18 майи соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба Рӯзи ҷавонон таҳти унвони “Даҳ рўзи ҷавонӣ” бо иштироки устодон, кормандон ва донишҷӯён шанбегӣ баргузор карда шуд.

Дар шанбегии мазкур ҳамаи устодону донишҷӯёни фориғ аз дарс  фаъолона иштирок намуда, гирду атроф, саҳни ҳавлии бинои таълимии Донишкада, ҳамчунин аз гардиши роҳи кўчаи Саид Носир то охири бинои нави Донишкада (кўчаи Л.Толстой) тозаву озода ва ҷойҳои обгузари сари роҳ аз партовҳо тоза карда шуданд.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода гардондани ҳудуди муассисаи таълимӣ минбаъд низ шанбегиҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *