Ҷавонон пайравони Пешвои миллат

        Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша – чорабиниҳои 10 рӯзи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маҳфили кафедраи идоракунии давлатӣ таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” баргузор гардид.

Дар он Муродализода Ҷамшед – муовини декан оид ба таълими факултети идоракунии давлатӣ, Маҳмадиев Манучеҳр – мутахассиси бахши фарҳанг ва истеъдодҳои ҷавон, устодон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Лоиқзода Фазлиддин – роҳбари маҳфил чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкорӣ ва ободонии Ватан мебошад.

Муродализода Ҷамшед, иброз намуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумати кишвар қарор дошта, Пешвои миллат бо ифтихормандӣ ба савияи дониш ва маърифату ҷаҳонбинии мо – ҷавонон баҳои баланд дода, ин қишри ҷомеаро неруи созанда ва қувваи пешбаранда унвон кардаанд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳадаф аз баргузории маҳфили мазкур бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ дар шуури ҷавонон мебошад.

Дар охир иштирокчиёни маҳфил садоқатмандӣ ва самимияти худро ба Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои мавҷуда иброз доштанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *