Ҷавонон неруи созандаи миллат

 Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша – чорабиниҳои 10 рӯзи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маҳфили кафедраи захираҳои инсонӣ “Ҳарф бизан то ҷавҳаратро бишносам” таҳти унвони “Омилҳои эътибори Пешвои миллат ва ҷалби ҷавонон ба хизмати давлатӣ” баргузор гардид.

Дар он Ҳайдарӣ Сабоҳат Саид – мудири кафедраи захираҳои инсонӣ, Сайдаҳмадова Дилором – мудири кафедраи илмҳои иҷтимоӣ- гуманитарӣ, Каримов Абдулҳанон – мудири кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатӣ, Абдулхонов Файзалӣ – мудири кафедраи идоракунии давлатӣ, устодон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раҷабов Мухтор – роҳбари маҳфил чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар зарфи 27 соли соҳибистиқлолии кишвар дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттиллоотию коммуникатсионӣ тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, инчунин барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки Ҳукумати кишвар ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо соҳиби тамаддун ва арзишҳои волои моддию маънавӣ буд ва онҳо тавассути корномаҳои бузургон ва нобиғаҳои ин миллат ба мо боқӣ мондааст. Пас, насли ҷавонро лозим аст, онро ҳифз созаду ба ояндагон мерос гузорад.

Ин аст, ки тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар мамлакат беш аз 44 фоизи хизматчиёни давлатиро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд.

Инчунин, донишҷӯён ва устодон дар мавзӯъҳои  “Пешвои миллат наҷотбахши миллат”, “Ҷавонон неруи созандаи миллат”, “Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ” ба тариқи презентатсия ва видеороликҳо  баромад намуданд.

Дар охир Суфиев Ф. – сардори раёсати тарбия баромад намуда, изҳор намуд, ки Рӯзи ҷавонон дар кишвар ҳамасола бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар сатҳи баланд таҷлил мегардад ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар ба азму иродаи ҷавонон боварӣ дошта ва ба онҳо эътибори аввалиндараҷа медиҳанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *