10 рӯзи ҷавонӣ дар Донишкада

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша – чорабиниҳои 10 рӯзи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маҳфили кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсӣ “Набзи сайёра” таҳти унвони  “Пешвои миллат идеали ҷавонон” баргузор гардид.

Дар он Аҳмадзода Зулфия – муовини Ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Некрӯз Файзов – муовини декан оид ба таълими факултети муносибатҳои байналмилалӣ, устодон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Шеров Шодӣ, роҳбари маҳфил ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷўҳи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Зеро ҷавонон ба сифати як неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд.

Аҳмадзода Зулфия ҳамаи ҷавонони кишварро бо “Рӯзи ҷавонон” табрик намуда, иброз дошт, ки мақсад аз гузаронидани чунин барномаҳои сиёсӣ-фарҳангӣ, ватандӯстӣ дар доираи “Рӯзи ҷавонон” бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи дӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ дар шуури ҷавонон мебошад.

Ҳамзамон қайд гардид, ки ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи давлату миллат ба онҳо вобаста аст. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомўзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттиллоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, инчунин барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Инчунин, донишҷӯён ва устодон дар мавзӯъҳои  “Ҷавонон сипари боэътимоди фардои миллат”, “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, “Ташаббусҳои ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолӣ” баромад намуданд.

Шарипов Хайрулло, устоди Донишкада зимни маърӯзаи худ зикр намуд, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ, дар дохил ва дар хориҷи кишвар мунтазам бо ҷавонон дидору мулоқотҳо анҷом дода, аз ҳаёту фаъолият ва мушкилоти онҳо пурсон ва ба ҳалли онҳо мусоидат мекунад. Ҳамчунин, бо ибтикори Президенти кишвар ҷиҳати ҷисману рўҳан солим тарбия ёфтани насли наврасу ҷавон дар тамоми манотиқи кишвар садҳо муассисаҳои таълимӣ ва иншооти соҳаи варзиш бунёд шуда, корҳои тарғиботиву ташвиқотb миёни онҳо бештар гардида, ҷалби онҳо ба фаъолияти бунёдкориву созандагӣ ва садоқат ба давлату эҳтироми миллати хеш ҳидоят карда мешаванд.

Дар охир иштирокчиёни маҳфил миннатдории худро ба Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати дастгириҳои пайваста баён намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *