ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ВАРЗИШӢ

Дар асоси нақшаи муштараки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои варзишӣ байни донишҷўёни муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳо баргузор гардид.

Чорабиниро муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навҷувонов Абдулло кушода эълон намуда, ба иштирокчиён барору муваффақиятҳо орзу намуд.

Зимни суханронӣ қайд гардид, ки дар анҷоми мусобиқаҳо оид ба футболи хурд, волейбол ва шоҳмот ғолибон бо тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ҳамчунин дар ин рўз чорабинии фарҳангӣ низ дар назар дошта шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои варзишӣ дастаи варзишгарони Донишкадаи идоракунии давлатӣ низ таҳти сарпарастии муаллими варзиш Шаҳбози Одина ширкат варзиданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *