Оила - ҳаёт бе зӯроварӣ

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рўзи оила» бо иштироки устодону донишҷўён чорабинии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро Суфиев Ф. – сардори раёсати тарбия ва кор бо ҷавонон ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат ҳамасола Рўзи оила ҷашн гирифта мешавад. Ҳукумати кишвар аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба рушд ва устувории оила диққати махсус зоҳир менамояд.

Ҳамчунин, зикр гашт, ки оилаи солим пойдевори асосии давлат аст. Танҳо оилаи солим метавонад насли солимандешаву солимфикрро ба ҷомеа эҳдо намояд. Тарбиятгари насли инсон ва ё мактаби нахустини инсон маҳз оила маҳсуб меёбад.

Дар чорабинӣ маърўзаҳои н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатӣ – Хайруллоев Фаррух дар мавзўи “Пешгирии зуроварӣ дар оила аз нигоҳи арзишҳои олии дини Ислом” ва н.и.ф., дотсент, сарходими илмии Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ – Ализода Баҳриддин Пирмуҳаммад дар мавзӯи “Сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки қабл аз баргузории чорабинии мазкур як гурӯҳи фаъоли донишҷӯён дар гулгашту хиёбонҳои шаҳр бо сокинони касбу корҳои гуногун вохўрда, вобаста ба сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои зуроварӣ дар оила суҳбату вохӯриҳо баргузор ва ба шаҳрвандон буклетҳои таблиғотиро таҳти унвони «Ҳаёт бе зӯроварӣ» тақдим намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *