Мубориза бо коррупсия самти афзалиятноки сиёсати давлатист

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои  кормандони мақомоти муборизабаранда ба муқобили коррупсия, сохторҳои Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии Амнияти миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз рўи барномаи «Сиёсати  давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз 13 то 18 майи соли 2019 идома меёбад, ифтитоҳ гардид.

Дар ифтитоҳи курс Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Файзализода Ҷумахон – муовини Ректор оид ба таълим, Аҳмадзода Зулфия – муовини Ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Иброҳимова С.З. – декани факултети такмили ихтисос, азнавтайёркунӣ ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва Азизова Қ.А. – мудири шуъбаи ташкилӣ, таҳлил ва иттилооти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори Донишкада ҳузури аҳли нишастро бо камоли эҳтиром хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша яке аз масъалаҳои меҳварӣ буда, муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Ин дар ҳолест, ки кишвари мо аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарини конвенсияҳо ва ниҳодҳои  байналмилалӣ дар самти мубориза бо коррупсия буда, дар Осиёи  Марказӣ ягона кишваре мебошад, ки аз лаҳзаи таъсиси шабакаи  зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (соли 2003)  узви он мебошад. Барномасозии давлатии мубориза бо коррупсия дар  сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуда, бо ибтикори Пешвои миллат ду маротиба Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, – афзуд Ректори Донишкада.

Ҳачунин, зикр гашт, ки муқовимат бо коррупсия ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он раъйи қавии ниҳоди ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию сиёсӣ, банақшагирии  стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.

Дар рафти ифтитоҳи курси мазкур оид ба таваҷҷуҳи имрӯзаи давлату Ҳукумат ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дастгирии мутахассисони ин соҳа ва ҷалби онҳо ба курсҳои омӯзишӣ ёдрас шуда аз ҷумла қайд гардид, ки курсҳои такмили ихтисос воситаи хубеанд, ки хизматчиёни давлатӣ дониши худро такмил дода, аз таҷрибаи ҳамдигар дар фаъолияти минбаъдаи худ истифода мебаранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *