Иштироки донишҷӯёни Донишкада дар фестивали “Сад ранги чакан”

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Муассисаи давлатии   “Аҳорун” фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 150 нафар духтарон бо либоси миллии чакан ва писарон бо тоқии чакан иштироки фаъолона намуданд.

Мавсума Муинӣ – муовини Раиси шаҳри Душанбе чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки мақсад аз баргузор намудани фестивал дар рӯҳияи зебоипарастӣ, ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон ва эҳёи мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллати тоҷик аст.

Қабл аз оғози фестивал иштирокчиёни чорабинӣ аз намоишгоҳи ҳунари чакан, ки аз ҷониби ҳунармандон ва косибони чор ноҳияи шаҳри Душанбе ташкил гардида буд, дидан намуданд.

Зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар арзишҳои миллии тоҷикон арзишҳои фарҳангӣ низ аз нав эҳё гардиданд, ки чакан аз зумраи онҳо ба шумор меравад.

Сипас барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду тарона ва рақсу навоҳои дилнишин дар иҷрои ҳунармандон, ки ҳар яке ифодагари санъату ҳунари волои тоҷикон ва нишонаи завқи баланди зебоипарастии миллати тоҷик буданд, пешниҳоди иштирокдорон гардонда шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии Дафтари илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи худ, ки дар шаҳри Порт-Луиси Маврикий баргузор гардид, «чакан»-и тоҷиконро ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *