Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Донишкада

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – Ректори Донишкада, Аюбӣ Бибиосия – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзализода Ҷумахон – муовини Ректор оид ба таълим, Аҳмадзода Зулфия – муовини Ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, устодон, донишҷӯён ва кормандони Донишкада ширкат намуданд.

Нахуст Ректори Донишкада чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ воқеаи мудҳиштарини асри ХХ маҳсуб ёфта, дар ин ҷанг дар баробари дигар халқу миллатҳо ҳазорҳо ҷавонмарди тоҷик бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд.

Шуҷоату диловарӣ ва истодагарии фарзандони ватандӯсту ватанхоҳи мо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи олии муҳаббат ба Ватан ва дарси ибрати ҷавонмардӣ барои наслҳои имрӯзу фардои кишвар аст, – таъкид намуд Ректори Донишкада.

Аюбӣ Бибиосия қайд намуд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 270 000 ё тақрибан панҷяки аҳолии вақти ҷумҳурӣ ширкат карда, қариб 90 ҳазори онҳо дар ҷанг кушта шуданд. Ҳамчунин, 54 шаҳрванди  Тоҷикистон дар ин набардҳо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ даст ёфтанд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо таҳти сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат мунтазам ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Ҷамъомади идонаро барномаи рангини ҳунарии донишҷӯён ва суруд дар васфи Ватан, саҳнача аз ҳаёти ҷавонмардони тоҷик дар ҶБВ ҳусни хотима бахшид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *