Дастоварди донишҷӯёни Донишкада дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

3-4 майи соли 2019 дар Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Фиристода бояд, ки доно бувад…» аз рӯи фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои англисӣ, русӣ, технологияи информатсионӣ, таърихи халқи тоҷик, математика, физика, химия, биология-экология, назарияи иқтисодӣ, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва географияи иқтисодӣ баргузор гардид.

Сабқати миёни донишҷӯён хеле шаффоф гузашт ва рафти онро олимону мутахассисони соҳаҳои гуногун санҷида, баҳогузорӣ карданд.

Ҳамин тавр, аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 нафар донишҷӯ иштирок намуда, дар ҷамъбасти он 2 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардида, муассисаи худро муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, Мирзоев Эмомалӣ – донишҷӯи курси 4 факултети муносибатҳои байналмилалӣ аз фанни “Забони англисӣ” сазовори ҷойи якум ва Эмомалии Турахон – донишҷӯи курси якуми факултети муносибатҳои байналмилалӣ аз фанни «Таърихи халқи тоҷик» сазовори ҷойи ифтихорӣ шуда, бо «Диплом»-и дараҷаи I ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби роҳбарияти вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони олимпиада имтиёз дар намуди дохил шудан ба зинаҳои магистратура дар тамоми мауссисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар олимпиада аз 39 муассисаи олии таҳсилоти касбии кишвар наздики 326 нафар ғолибони олимпиадаҳои дохилидонишгоҳӣ дониши худро санҷиданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *