Ифтитоҳи курси коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои  мутахассисон ва мутахассисони пешбари бахшҳои бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рўи барномаи «Коргузорӣ  ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ», ки аз 6 то 9 майи соли 2019 идома меёбад, ифтитоҳ гашт.

Дар ифтитоҳи курс Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Азизова Қ.А. – мудири шуъбаи ташкилӣ, таҳлил ва иттилооти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Расулов С.А.- намояндаи Саридораи бойгонии назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳимова С.З. – декани факултети азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори Донишкада ҳузури аҳли нишастро бо камоли эҳтиром хайрамақдам гуфта, оид ба таваҷҷуҳи имрӯзаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дастгирии мутахассисони ин соҳа бо таъмини курсҳои омӯзишӣ ёдрас шуд ва аз ҷумла иброз намуд, ки курсҳои такмили ихтисос воситаи хубеанд, ки хизматчиёни давлатӣ дониши худро такмил дода, аз таҷрибаи ҳамдигар дар фаъолияти минбаъдаи худ истифода мебаранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *