Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи "Низоми муосири худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Таҳти ин унвон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣамалӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия Буриев Носирҷон Сайдалиевичсардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назаров Анвар Зафаровичнамояндаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Меҳмондустов Бобоҷон Ғоибовичнамояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мансурӣ Шодмон – намояндаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раззоқов Баҳодур Ҳаётович – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ рушд карда, дар ҳамин раванд роҳбарияти олии сиёсии кишвар таҷдиду такмили пай дар пайи низоми идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳалиро яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳоти давлатдории миллии муосир қарор додаанд.

Маҳз дар ҳамин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2019 – 2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда, таъкид намуданд, ки мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, яъне беҳсозии  соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ба талаботи замони муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад, – афзуд Ректори Донишкада.

Назаров Анвар зимни баромади худ қайд кард, ки нақши мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар ҳаёти ҷомеаи имрӯз хеле муҳим буда, диққати бештари ходимони давлатӣ, олимони соҳа ва намояндагони ҷомеаи маҳаллиро ба худ ҷалб намудааст.

Воқеан дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҷорӣ гардидани принсипҳои ҷомеаи демократӣ ба он оварда мерасонад, ки давлат тадриҷан ҳокимиятро бар дӯши халқ вогузор менамояд. Чунин муносибат заминаи асосии инкишофи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявии ҳама гуна давлат мебошад, ки таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ онро кайҳо собит намудааст.

Зикр гашт, ки ҳадаф аз баргузории конференсия дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Раззоқов Баҳодур гуфт, ки имрӯз худидоракунии маҳаллӣ ба сифати яке аз захираҳои пурарзише баромад мекунад, ки дар бартараф намудани тамоюлҳои номусоиди иҷтимоӣ-иқтисодии маҳал мусоидат намуда, яке аз роҳҳои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ба шумор меравад. Аммо иҷро шудани чунин функсияҳо дар шароити муосири рушди худидоракунии маҳаллӣ бо сабаби имкониятҳои маҳдуди иқтисодӣ ва молиявӣ ғайриимкон гаштааст.

Суст инкишоф ёфтани ҳамкориҳои самаранок ва муносибати байниҳамдигарии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бизнес-сохторҳо дар сатҳи маҳал таҷдиди низоми худидоракунии маҳаллиро тақозо менамоянд.

Дар раванди кори ҳамоиш самтҳои асосии ислоҳоти низоми худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории мақомоти худидоракунии маҳаллӣ бо мақомоти давлатӣ, низоми мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар мамлакатҳои хориҷа, худидоракунии маҳаллӣ: масъалаҳои назария ва амалияи он, заминаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии рушди худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои мубрами интихоботи вакилони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаҳои илмӣ сурат гирифтанд.

Иштирокдорони конфронс, ҳамчунин, масъалаҳои мубрами рушди маҳал, таъсиси ҷойҳои нави кор, истифодаи самараноки захираю имкониятҳои сайёҳии маҳалҳо ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониро дар деҳот  баррасӣ намуда, барои дарёфти роҳи ҳалли онҳо пешниҳодҳои судманд манзур доштанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *