Ифтитоҳи курси “Зан - сарвар”дар Донишкада

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон лоиҳаи курсҳои такмили ихтисос барои занон таҳти унвони “Зан – сарвар” роҳандозӣ гардид.

Дар чорабинии мазкур Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор, Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода – муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маъмурзода Адҳам Маъмур, муовини сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, ва Доктор Макс Георг Майер – намояндаи Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Ректори Донишкада чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, дар он занону духтароне, ки дар мақомотҳои маҳаллӣ кору фаъолият доранд ҷалб карда мешаванд.

Имрӯзҳо мақоми зан дар ҷомеа боло рафта, дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҷассум ёфтааст. Сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ба баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа нигаронда шудааст ва тавре шоҳид ҳастем, мақоми занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  қарор  дорад, – афзуд  Ректори Донишкада.

Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, иброз намуд, ки Пешвои миллат  ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги љомеа эътимоди комил дошта, сол ба сол сафи роҳбарон аз ҳисоби занон меафзояд. Инчунин, таъкид гашт, ки Роҳбари давлат дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки имрўз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатї афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд. Қайд гардид, ки имрӯзҳо 6 нафар зан дар Маҷлиси Миллӣ ва 13 нафари дигар дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ кору фаъолият доранд.

Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, дар суханронии худ иброз дошт, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар проблемаи беҳтар намудани шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт. Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлату Ҳукумат то ба имрӯз чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.

Доктор Макс Георг Майер, зимни суҳбат аз ҳамкории самарабахш бо Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба баён дошт.

Дар робита ба ин, Исматуллои Шерхон, сармутахассиси шуъбаи магистратура ва доктор Phd дар бораи барномаи курси мазкур баромад намуда, изҳор дошт, ки курси “Омўзиши дуалӣ барои хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон” дар се вилоят гузаронда мешавад. Ҳадаф аз баргузории курсҳо мусоидат намудан ба азхуднамудани донишҳои зарурӣ оид ба тарзу усулҳои нави идоракунии давлатӣ ва таъмини баробарии гендерӣ мебошад.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ миёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ барои идомаи ҳамкориҳо шартнома ба имзо расонда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *