Тавоноӣ аз варзиш аст

Дар асоси барқияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони  «Зебоӣ, тавоноӣ аз варзиш аст» дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён ва кормандону омӯзгорон машқҳои пагоҳирӯзӣ идома доранд.

Мутасаддии гузаронидани машқҳои пагоҳирӯзӣ шуъбаи тарбияи Донишкада буда, барои дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани машқҳои мазкур кормандони шуъба сафарбар карда шудаанд.

4 майи соли 2019 дар саҳни ҳавлии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони шуъбаи тарбия ва устодони Донишкада машқи пагоҳирӯзӣ дар сатҳи зарурӣ гузаронида шуд, ки дар он 30 нафар устодон ва  50 нафар донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд.

Дар асоси нақшаи мазкур чорабиниҳо дар ин самт минбаъда низ роҳандозӣ карда мешаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *