Шанбегии навбатӣ бо иштироки устодону донишҷӯён

Бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди муассисаи таълимӣ бо ташаббуси бевоситаи устодон чоруми майи соли 2019 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ баргузор гардид.

Дар шанбегии мазкур ҳамаи устодону донишҷӯёни фориғ аз дарс  фаъолона иштирок намуда, бехи дарахтонро нарм ва шохҳои онро тоза карда, гирду атроф, саҳни ҳавлии бинои таълимии Донишкада, ҳамчунин, аз гардиши роҳи кӯчаи Саид Носир то охири бинои нави Донишкада (кӯчаи Л.Толстой) тозаву озода карда шуда, замини он нарм карда шуданд.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди муассисаи таълимӣ минбаъд низ шанбегиҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

Аҳли коллективи меҳнатии Донишкада дастаҷамъона саъю кўшиш менамоянд, ки барои ободонию хуррамгардонии сарзамини Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *