Курси омӯзишии забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ ҷамъбаст гардид

        Аз 8 то 27 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд курси  ғайритахассуси сайёри такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатӣ, аз рўи барномаи «Омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ» баргузор гардид, ки дар он 30 нафар намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкат варзиданд.

Дар ҷамъбасти курс бо иштироки Иброҳимова Саодат – декани факултети азнавтайёркунї, такмили ихтисос ва таљрибаомўзии хизматчиёни давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифҷон Шарипов –  мудир кафедраи забонҳои ДИДНПҶТ,    Абдулло Мансурзода –  сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Равшанҷон Тоҳиров –  сармутахассиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи  раиси  вилояти Суғд  мизи мудаввар доир гашт.

Дар мизи мудаввар иштирокчиён ташкили чунин курсҳоро барои хизматчиёни давлатӣ зарур шумурда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Саодат Иброҳимова иброз дошт, ки ташкили курсҳои забономӯзӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мебошад.

Ҳамчунин, зикр гашт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боло бурдани сатҳи саводнокӣ ва  кордонии  хизматчиёни давлатӣ тамоми заминаҳоро фароҳам овардаааст. Курсҳои такмили  ихтисос  василаи хубеанд, ки хизматчиёни давлатӣ дониши худро такмил бахшида, табодули таҷриба мекунанд.

Дар охир ба ҳамаи шунавандагон «Гувоҳнома» супорида шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *