Ширкати донишҷӯёни Донишкада дар семинари омӯзишӣ

Аз 17 то 19 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша-чорабиниҳои «Барномаи давлатии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар мавзӯи «Мавқеи занон дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар семинари мазкур, ҳамчунин, Фарзона Носирова, раиси шӯрои кор бо занон ва духтарони Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 нафар донишҷӯдухтарони фаъол иштирок намуданд.

Дар ҷамъбасти курс Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки таъмини баробарҳуқуқии занону мардон дар меҳвари сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҷалби занон ба сафи хизматчиёни давлатӣ дар ҳоли афзоиш аст.

Дар фарҷоми чорабинӣ, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси Кумита ба иштирокчиён барои ширкати фаъолона дар семинари омӯзишӣ «Гувоҳнома»-ҳо супорида шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *