Шанбегӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Ғалаба

27 апрели соли равон дар асоси барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ  дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба таҷлили 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки устодону донишҷӯён шанбегӣ баргузор карда шуд.

Дар шанбегӣ устодону донишҷӯён  фаъолона иштирок намуда, саҳни ҳавлии бинои таълимии Донишкадаро аз гардиши кӯчаи Саид Носир то охири бинои нави Донишкада (кӯчаи Л.Толстой) тозаву озода карда, ҷойҳои обгузари сари роҳ аз партовҳо тоза карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки то имрӯз  дар натиҷаи корҳои бунёдкориву созандагӣ дохил ва беруни бинои таълимии Донишкада пурра таъмир карда шуда, дар саҳни он гулҳои ороишӣ, дарахтони ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонда шуданд.

Мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади боз ҳам ободу зебо ва тозаю озода гардонидани ҳудуди муассисаи таълимӣ минбаъд низ бо ташаббуси роҳбарияти Донишкада ва Созмони ҷавонон шанбегиҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *