Маҳфили навбатии “Набзи сайёра”

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии факултети муносибатҳои байналмилалӣ “Набзи сайёра” дар мавзӯи “Мақоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар он Некрӯз Файзов – муовини декан оид ба таълим, Шодӣ Шеров – ассистенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсӣ, донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Собир Қадамов, роҳбари маҳфил аз ҳисоби донишҷӯён ба маҳфил ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки имрӯз  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати “дарҳои  кушода” – ро пеш гирифтааст.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат  дар минтақа ва ҷаҳон нуфузу эътибори хоса пайдо кард. То имрӯз кишвари моро 151 давлати ҷаҳон ба расмият  шинохтааст ва бо 126-тои он муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардидаанд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли 51 созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявӣ мебошад.

Ҳамчунин, донишҷӯён дар мавзӯъҳои  “Муносибатҳои Тоҷикистон бо Қазоқистон”,  “ Муносибатҳои Тоҷикистон бо Туркманистон”, “Муносибатҳои Тоҷикистон бо Қиргизистон” ва  “Муносибатҳои  Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ” бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ баромад карда, дар маҷмӯъ равобити Тоҷикистонро бо ин кишварҳо хуб арзёбӣ намуданд.

Аз ҷумла, Шарипов Ҳофиз – донишҷӯи соли сеюми факултети муносибатҳои байналмилалӣ дар маърӯзаи худ қайд намуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии  Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 ба роҳ монда шуда, аз соли 1995 дар шаҳри Тошканд Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Дар ҳолати имрӯза асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро  зиёда аз 150 созишнома ва аҳднома ташкил медиҳанд, ки аз соли 1992 то имрӯз дар сатҳҳои  байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидаанд.

Некрӯз Файзов зимни суханронӣ қайд намуд, ки сиёсати “дарҳои кушода” ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ  ба ҷаҳони муосир аз ҷониби Роҳбари давлат  муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии  бисёрсамта, ботавозун ва прагматикӣ тарҳрезӣ шуд ва тавсеаву таҳкими робитаҳои дӯстона  ва  ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои гуногуни олам, аз ҷумла бо кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ  гашт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *