Ҷалласаи созмони ҷавонон ва донишҷӯёни  Донишкада

        Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи ҳисоботии   созмони  ҷавонон ва донишҷӯёни Донишкада баргузор  гардид, ки дар  он Бобозода Ф. – декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ Ғоибназарзода С. – декани  факултети идоракунии давлатӣ, Суфиев Ф. раиси шӯрои кураторон ва донишҷӯён иштирок ва  суханронӣ  намуданд.
Нахуст, Шуҳрат Маҳмадалиев, раиси созмони ҷавонон ва донишҷӯён вобаста ба фаъолияти  созмон маълумот дода, баён дошт, ки тӯли ин вақт аъзоёни созмон дар чорабиниҳои дохилишаҳрӣ ва  ҷумҳуриявӣ   фаъолона  иштирок намуда,сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дар самти сиёсати  давлатии  ҷавонон дар амал татбиқ карда истодаанд.
Суфиев Ф. зимни суханронӣ иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷавононро ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дониста, пайваста ташаббусҳояшонро дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии  халқи  мамлакат дастгирӣ менамоянд ва барои баланд бардоштани савияи донишу  малака таҷрибаи онҳо тамоми шароитҳои заруриро муҳайё сохтааст.
Фаридун Бобозода зимни суханронӣ изҳор дошт,ки дар баробари дастгириҳои Пешвои  муаззами миллат ҷавононро лозим аст,ки бо шукргузорӣ аз оромиву осоиштагӣ ва ободии  Меҳани маҳбуб бояд тамоми саъю кӯшиши худро ба ободкорӣ,созандагӣ ва азхудкунии илмҳои муосир  равона созанду фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳову аҳзоби ифротӣ нагарданд ва бо заҳмати созандаву бунёдкорона дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Дар рафти ҷалласа Шуҳрат Маҳмалиев бинобар сабаби ба охир расидани таҳсилаш аз вазифаи  раиси созмон озод карда шуд ва ба ҷои он тариқи овоздиҳии устодону донишҷӯён Судоба Шарифзода раиси нави созмон интихоб гардид. Ҳамчунин, зикр гашт, ки дар низомномаи созмон тағйироту  иловаҳо ворид карда шуданд. Аз ҷумла, ячейкаи ҲХДТ, бахшҳои варзиш, кор бо волонтиёрон, илм, инноватсия ва истеъдодҳои ҷавон, этикаи донишҷӯ, фарҳанг ва ҳунар таъсис дода шуд, ки барои беҳбудии кор хоҳад буд.
Судоба Шарифзода нахуст миннатдориашро ба Ректори Донишкада – Ғафурзода Абдухалил, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, барои дастгириҳои пайвастаи донишҷӯён баён дошта, афзуд, ки имрӯз мо ҷавонон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободиву  созандагии кишвари азизамон саҳм гузошта, бар зидди ҳама гуна амалҳои номатлуби ҷаҳони  муосир мубориза мебарем.
Дар охир аз ҷониби масъулин ба аъзои раёсати созмони ҷавонон ва донишҷӯёни Донишкада  дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *