Иштироки донишҷӯёни  Донишкада дар озмун

          Дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» даври ҷумҳуриявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бо иштироку занону духтарон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор гадид.

Дар озмуни мазкур 10 нафар донишҷӯдухтарони Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, тарзи омода намудани 10 намуди таомҳои миллӣ,  аз ҷумла зуволатунуккунӣ, угробурӣ, дастазании угро, мантупечонӣ-тушберапечонӣ, самбӯсапазӣ, хӯриштайёркунӣ (баҳорӣ), кулчақандпазӣ, нону кулчаросткунӣ, сабзирезакунӣ, қатмолпечониро ба намоиш гузоштанд.

Дар чорабинии мазкур, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа иштирок намуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории  озмун омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, маҳорати кадбонугӣ, эҳёи таъомҳои миллӣ, соҳибзавқӣ ва дастархонороӣ мебошад.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ барои маҳорати кадбонугӣ, саҳибзавқии дастурхонороӣ, эҳёи таомҳои миллӣ, рушди анъанаҳои миллӣ, гиромидошти эътибори зан дар хонавода ва ҷомеа, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон  ба ҳаёти мустақилона, парвариши эҳсоси худошноию меҳандўстӣ ва иштироки фаъолона дар озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *